價格:免費
更新日期:2018-09-28
檔案大小:3.7M
目前版本:1.9.4
版本需求:Android 4.0.3 以上版本
官方網站:mailto:24tech.tj@gmail.com
Email:https://sites.google.com/view/divan-of-hafiz-pp
Ин барнома дорои Девони шоири машҳури тоҷику форс, суфӣ ва ҳофизи Қуръон, Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад Ҳофиз (форсӣ: خواجه شمسالدین محمد حافظ شیرازی) мебошад. Осори Ҳофиз асрҳо инҷониб дар сарзамини Эрону Ҳиндустон, Афғонистон ва Осиёи Миёна шуҳрат пайдо карда, дар дили ҳазорон пайравону муштоқонаш ҷой гирифтааст. Номи баланди Ҳофиз аз ҳудуди ватани худ – Эрон гузашта дар тамоми дунё машҳур шуд. Вай дар замоне, ки дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Эрону Мовароуннаҳр бисёр воқеа ва ҳодисаҳои ногувор рӯй медоданд умр ба сар бурда ва бо қалами сеҳрангези худ ҳама беадолатию мардумфиребӣ, ҷахлу ғурури табақаҳои ҳукмрони ҷамъиятро фош мекард. Аҳамияти каломи шӯрангези Ҳофиз ва сирри шуҳрати шоири бузург дар ин аст, ки маънӣ ва мазмунҳои баланди назарӣ, панду ҳикматро бо суханҳои ширин баён кардаву ба ҳар мавзуъ аз равзанаи ишқ менигарад. Умуман Ҳофиз дар эҷод намудани шеър монанди як наққоши моҳир ҳар як маъниро бо рангхои зебо оро дода, маънӣ ва мазмуни шеърашро дилнишин намудааст. Аз ин ҷихат Ҳофиз ҳам монанди бисёр шоирони гузашта боварӣ дошт, ки шеъраш умри зиёде хоҳад дид.
Дар китобхонаҳои машҳури дунё, нусхаҳои девони Ҳофиз дар қатори пурарзиштарин осори инсоният маҳфузанд.
Китоб (барнома) аз қисмҳои зерин иборат аст:
• девони пурра бо намуди ҳарфҳои тоҷикӣ ва форсӣ
• ҷустуҷӯи ғазалҳо (Action Bar)
• мундариҷа
• саҳифаи тасодуфӣ
• ҳамҷун писандомада қайд кардан
• фиристодани ғазалҳо ба дӯст